Ортиқхоҷаев 1-уми феврал дар як нишасти тиҷорӣ дар шаҳри Тирмизи Узбекистон гуфт, 7 ширкати худро фурӯхт.
"Ширкати "Crafers”-ро фурӯхтам. Аз уҳдаи ин соҳа набаромадам. Фурӯшгоҳҳои "Mediapark”-ро ҳам фурӯхтам. Ба онҳое фурӯхтам, ки кор мекунанд. “Akfa Lighting” ва “Magic City”-ро низ фурӯхтем. Ба олмониҳо “Knauf”-ро фурӯхтем”, - изҳор дошт Ортиқхоҷаев.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 16-уми январи соли 2023 Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси пешини шаҳри Тошкандро ба истеъфо фиристод. Ортиқхоҷаев аз соли 2018 раиси Тошканд буд. Ортиқхоҷаевро ба омода нашудан ба зимистон муттаҳам ва аз вазифа сабукдӯш карданд.
Муаллифи як қатор китобҳо дар бораи фасодкорӣ ва "клептократия" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо Кристиан Ласслет гуфта буд, ки ширкатҳои шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев лоиҳаҳои чандинмиллионии давлатиро бидуни баргузории озмуне соҳиб мешаванд".