Собиқ нахуствазири Покистон Имрон Хон ва ҳамсараш Бушра Хон рӯзи 3 феврал бо қарори додгоҳе дар издивоҷи ғайриқонунӣ гунаҳгор ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукми сеюми Имрон Хон дар як ҳафтаи охир ва дар остонаи интихобот мебошад.
Додгоҳи шаҳрвандии Равалпиндӣ дар қарораш гуфт, ки Имрон Хон қонуни шариати исломиро вайрон карда, дар давраи иддат зани нав гирифтааст. Ин қонун дар давоми се моҳи баъди марг ё талоқи ҳамсар издивоҷро иҷоза намедиҳад.
Хони 71-сола, ки замоне қаҳрамони крикети Покистон буд, солҳои 2018 то 2022 дар мақоми нахуствазири ин кишвар кор кардааст. Ӯро дар маҷмӯъ ба 24 соли зиндон маҳкум карда дар давоми даҳ соли дигар аз ҳақи кор дар идораҳои давлатӣ манъ карданд. Ин ҳукм дар ҳоле содир шуд, ки Имрон Хон ва ҳизбаш дар ҷомеаи Покистон ҳамоно пуртарафдор мебошанд.
Ба фарқ аз занҳои собиқи Имрон Хон, Бушра Хон дар ҷомеа бо чеҳраи пӯшида ҳозир мешавад
Рӯзи 30-юми январ, Имрон Хон аз сӯи як додгоҳ дар Исломобод ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ ӯро ба ифшои номаҳои маҳрамонаи сафири Покистон дар Вашингтон бо ҳукумати Покистон гунаҳкор шинохт. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Покистон, дар доираи ҳамин парванда ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳи зиддифасоди Исломобод аз рӯзи 31-уми январ, Имрон Хон ва ҳамсараш дар он муттаҳам шудаанд, ки ҳангом сари қудрат будани ӯ, тӯҳфаҳои давлатиро назди худ нигоҳ доштаву фурӯхтаанд.
Онҳо ҳамчунин ба пардохти 787 миллион рупияи покистонӣ вазифадор шуданд.
Ҳамсари Имрон Хон чанд лаҳза баъд аз эълони ҳукми додгоҳ боздошт шудааст. Худи Имрон Хон аз моҳи августи соли гузашта дар боздошт мебошад.
Ин ҳукми додгоҳ дар остонаи интихоботи порлумонии Покистон содир шуд. Интихоботи порлумонӣ дар Покистон рӯзи 8-уми феврал баргузор мешавад.