Ҳамлагаре дар Париж се нафарро маҷрӯҳ кард

Акси истгоҳи роҳи оҳани Лион дар Париж аз бойгонӣ гирифта шудааст

Полиси Фаронса гуфт, субҳи шанбе, 3 феврал дар истгоҳи роҳи оҳани Лион дар шаҳри Париж ҳамлагаре бо корд се нафарро маҷрӯҳ кард.

Полис гуфт, ки гумонбар боздошт шудааст. Ду маҷрӯҳшуда ҷароҳатҳои сабук ва нафари сеюм ҷароҳати сангин бардоштааст, аммо, ба гуфтаи полис, захми ӯ ба ҳаёташ хатар надорад.

Феълан сабаби ҳамла маълум нест.