Як таҳқиқи бахши русии Би-би-си маълум кардааст, ки аз соли 2018 ба ин сӯ дар Русия 12 донишманд ва муҳаққиқи ҷараёни физикии суръати фаросавтӣ ба ҳабс гирифта шудаанд ва амри ҳабси онҳоро ба ФСБ шахсан президент Владимир Путин додааст. Се нафари ҳабсшуда даргузаштанд.
Таҳқиқ нишон додааст, ки ҳамаи ин донишмандон дар кори худ бисёр тавоно ва фаъол буданд, бо иҷозаи ФСБ дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ мақола чоп карда дар конфронсҳои байналмилалӣ иштирок мекарданд ва ҳамин мавқеи онҳо сабаби мавриди пайгард қарор гирифтанашон шуд.
Донишмандонро дар он муттаҳам мекарданд, ки гӯё бар асоси хулосаҳои илмии онҳо дар хориҷа силоҳҳои фаросавтӣ истеҳсол мешаванд. Ин донишмандон - Анатолий Маслов, Александр Шиплюк, Валерий Звегинтсев, Владислав Галкин, Анатолий Губанов, Валерий Голубкин, Владимир Кудрявтсев, Роман Ковалев, Сергей Мерешаков, Дмитрий Колкер ва ду донишманди дигар мебошанд, ки исми онҳо нашр намешавад.
Аксари ин донишмандон бо ҳам ҳамкор ваё дар тамос буда, корманди Пажӯҳишгоҳи механикаи назариявии шӯъбаи сибирии Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи политехникии Томск, Пажӯҳишгоҳи марказии мошинсозӣ ва Пажӯҳишгоҳи марказии аэрогидродинамикии вилояти Маскав буданд.
Аз миёни онҳо се нафарашон даргузаштанд - Владимир Кудрявтсев, Роман Ковалёв ва Дмитрий Колкер. Колкер 54 сол дошт ва ӯ дар Пажӯҳишгоҳи физикаи лазерии шӯъбаи сибирии Академияи илмҳои Русия кор мекард. Дар ҳоле, ки саратони дараҷаи чори ғадуди зери меъда дошт, ӯро савори ҳавопаймо ба боздоштгоҳи Маскав бурданд ва ду рӯз баъдаш даргузашт.