Залужний ба зарурати истеҳсоли силоҳҳои бесарнишин таъкид кард

Валерий Залужний, фармондеҳи  калони нирӯҳои мусаллаҳи Украина

Дар паи баҳс бо президенти Украина Владимир Зеленский, ки ба сафарбарии навбатӣ даъват кардааст, Валерий Залужний, фармондеҳи калони нирӯҳои мусаллаҳ гуфт, ки ин кишвар бояд ба истеҳсоли силоҳҳои бидуни сарнишин тамаркуз кунад.

Дар мақолае барои CNN аз 1 феврал Залужний гуфтааст, ки Украина бояд амалиёти ҷангии худро бо истифода аз фанновариҳои пешрафтаи мисли дронҳо “аз нав тарҳрезӣ кунад”, ки вобастагӣ аз “маводи сангин”-ро камтар мекунад.

Ин эҳтимолан ишора ба силоҳҳои таъминкунандаи Ғарб мебошад. Мақолати Залужний дар ҳоле нашр шуд, ки ахиран овозаҳое дар бораи аз кор барканор шудани ӯ ба хотири мухолифаташ бо Зеленский дар мавзӯи сафарбарӣ ба артиш рӯ зад.