Оҷонси обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 3 ва 4-уми феврал дар бештари ноҳияҳо борон ва барф меборад.
Тибқи пешбинии мутахассисон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 1 ва 4-уми феврал дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳман ё туман мефарояд.
Рӯзҳои 1 ва 2-юми феврал дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 15-20 дараҷа хунук пешгӯӣ шудааст.
Оҷонс аз эҳтимоли фаромадани тарма ва яхбандӣ дар роҳҳои куҳӣ хабар додааст.