Далер Ҷумъа рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе "суръати рушди иқтисод"-ро далели асосӣ пеш овард.
Ӯ гуфт, "аз ҳисоби суръати рушди иқтисод (соли гузашта 8,3 дарсад будааст) талабот ба барқ бештар шуд", вале ба ин суол, ки талабот чӣ қадар афзудааст, оморе наовард. Иқтисоди Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ аз заифтаринҳо номбар шуда, зиндагии сокинон асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ мечархад.
Пештар дар ширкати “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба камии об дар обанборҳо пайванд дода, баъзан "корҳои профилактикӣ" ё тармими таҷҳизотро баҳона меоварданд.
Аз тирамоҳ боз дар гӯшаҳои кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон як моҳ пеш барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" дар соли 2024 розӣ шудааст.
Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон 27-уми декабри соли 2023 дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навиштанд, ки тавофуқ дар Туркия ба даст омад.
Маълум нест, Тоҷикистон дар соли 2024 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх, вале хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба маълумоти Кумитаи омор навишт, ки кишвар танҳо дар моҳи ноябри 2023 ба хориҷа ба зиёда аз 1,9 миллион доллар нерӯи барқ дод.