Додситонии кулли Туркманистон гуфтааст, сокини вилояти Марии ин кишвар Алламурод Худойрамов, ки дар натиҷаи шиканҷаи маъмурони пулис ҷон дод, зери таъсири доруи "трамадол" худро латукӯб кардааст.
"Захмҳо дар ҷойҳое ҳастанд, ки дасти худи Худойрамов ба онҳо мерасад. Бо назардошти механизмҳо ба вуҷуд омадани захмҳо бо дастони худи Худойрамов аз эҳтимол дур нест", - иқтибос овардааст "Turkmen.News" аз посухи муовини додситони кулли Туркманистон.
Алламурод Худойрамовро маъмурони пулис 27-уми ноябри соли 2023 ба гумони додани 535 қурси "трамадол" ба як ҳамдеҳаи худ барои фурӯш дастгир карданд.
Мақомот мегӯянд, ӯ дар ҷустуҷӯ буд, вале наздикони Худойрамов гуфтанд, вай аз касе пинҳон намешуд ва он рӯз барои исботи бегуноҳияш ба шуъбаи пулис рафт.
Худойрамов дертар дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ҷон бохт. Ҷасади ӯро танҳо баъд аз се ҳафта ба наздиконаш доданд.