Қатъи сартосарии Интернет дар Русия

Интернет дар Русия шоми сешанбе қатъ шуд ва мутахассисон гуфтанд, шояд он бузургтарин қатъи Интернет дар таърихи навини кишвар бошад.

Интернет дар Русия шоми сешанбе қатъ шуд ва мутахассисон гуфтанд, шояд он бузургтарин қатъи Интернет дар таърихи навини кишвар бошад.

Корбарони русиягӣ давоми чандин соат натавонистанд ба садҳо сомона ва барномаҳои мобилӣ, аз ҷумла хадамоти "Яндекс", "Сбербанк", "ВКонтакте", "Ozon" ва сомонаҳои хидматрасониҳои давлатӣ ворид шаванд.

Вазорати рушди рақамии Русия гуфтанд, ки ҳодиса дар натиҷаи як мушкили техникии марбут ба тавсеаи "DNS" рух додааст, ки тавассути он домени ".RU" ивазкунии нишонии "IP"-ро дар натиҷаи ҳамлаҳои киберӣ кафолат медиҳад. Дар вазорат ваъда доданд, ки дар ояндаи наздик дастрасӣ ба сомонаҳои русиро барқарор мекунад.

Як қатор коршиносон гуфтанд, мақомоти Русия дер боз мегӯянд, нақша доранд ҳамаи корбарони кишварро ба сервери миллии "DNS" кӯчонанд ва эҳтимол ин раванд шуруъ шудааст.