Ба иттилои Федератсия аз 30-юми январ, дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари дигар ба даст хоҳад овард.
Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар ҷараён дорад.
Аммо мақомот дар хабари расмӣ манбаи ин ҷоизаро, ки феълан ба беш аз 600 ҳазор доллар мерасад, ошкор накардаанд. Маълум нест, онро аз буҷети Федератсияи Футболи Тоҷикистон медиҳанд, ҳукумат ё ҷойи дигар.
“Федератсияи Футболи Тоҷикистон сарпарастони зиёд дорад. Метавонад ин миқдор пулро дарёфт кунад. Агар аз ҳисоби ҳукумат мешуд, онро эълон мекарданд,” – гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи мо аз вазъияти варзиши Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе аст. Чанд сол боз раёсати Федератсияи Футболи Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот дастовардеро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард.
Бозигарони тоҷик дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 2-юми феврал бо тими миллии Урдун рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
ҶОИЗАҲОИ МОЛИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дастаи ғолиб соҳиби 5 миллион доллар мешавад. Дастаҳои ширкатдори бозии ниҳоӣ 3 миллион доллар, ширкатдорони даври ниманиҳоӣ 1 миллион доллар мегиранд.
Инчунин ба ҳар як дастаи ширкатдори Ҷоми Осиё 200 ҳазор доллар супурда мешавад.