Додгоҳи ноҳияи Нишони Узбекистон рӯзи 29-уми январ блогер Абдуҳаким Абдуҷалиловро 5 сол зиндонӣ кард.
Додгоҳ ӯро ба "қаллобӣ" гунаҳкор донист.
Абдуҷалилови 49-сола ҳамзамон мудири ширкати "Ҳақиқати талх" будааст.
Расонаҳои Узбекистон пештар навиштанд, ки соли 2023 дар Узбекистон соле буд, ки теъдоди зиёде аз блогерон ва рӯзноманигорон зиндонӣ шуданд.