Додраси федеролӣ президенти пешини Амрико Доналд Трампро вазифадор кард, ки ба Ҷин Кэрролл 83,3 миллион доллар ҷуброн диҳад.
Қарор рӯзи 26-уми январи имсол содир шуд.
Хонум Кэрролл даъво дорад, ки Доналд Трамп бо инкори таҷовуз ба номуси ӯ дар се даҳаи пеш дар Манҳеттен обрӯйи ӯро чун хабарнигори қобили эътимод бурд.
Кэрролл 80-сола аст.
Ӯ дар моҳи ноябри соли 2019 Трампро ба додгоҳ кашид.
Доналд Трампи 77-сола иддао кард, ки дар бораи Кэрролл чизе намедонад ва бовар дорад, ки ӯ достонро барои бештар фурӯхтани китоби хотираҳояш сохтааст.