Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, моҳи апрели имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ин нукта дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2024 зикр шудааст.

Мақомоти тоҷику узбек то ин дам дар бораи ҷузъиёти сафар чизе нагуфтаанд.

Дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон танҳо ишора шудааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва хадамоти ташрифот масъули сафари Шавкат Мирзиёев ҳастанд.

Мирзиёев бори охир моҳи сентябри соли гузашта ба Душанбе омад ва дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.

Равобити Душанбе ва Тошканд дар солҳои роҳбарии Ислом Каримов сард ва марзҳо баста буд. Ин равобит баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 беҳбуд ёфт, вале ҳарду кишвар солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, пахши гирдиҳамоиҳои осоишта ва боздошту ҳабси рӯзноманигорону блогерон танқид мешаванд.