Як ширкатдори ҷаласа бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, "Расулзода аз рушди 8 дарсади иқтисоди кишвар дар соли гузашта ва барзиёд иҷро шудани даромади буҷет ситоиш кард".
Ҷаласаи солонаи ҳукумат субҳи 24-уми январ дар бинои Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе оғоз шуд.
Дафтари матбуоти президент ба ҷуз аз нашри хабар дар бораи оғози ҷаласа ҳеч шарҳе намедиҳад.
Дар хабари расмӣ танҳо омадааст, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат “натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда мешавад.”
Хабарнигорони расонаҳои мустақил ба маҷлиси солона даъват нашудаанд. Ба ин ҷаласа раҳбарони шарҳу ноҳияҳо, вазорату идораҳои дигари давлатӣ, сарварони донишгоҳҳо ва бонкҳои кишвар даъват шудаанд.
Дар гузашта дар ҷараёни маҷлиси солонаи ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.