Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи Оҷонси хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд, як моҳ боз дар боздошт аст.
Додситонӣ ӯро ба "сохтакорӣ, қасди ҷиноят ва ғайриқонунӣ додани замин" гумонбар медонад.
Пайвандонаш хоҳони таҳқиқи одилона ҳастанд.
Қарори ҳабси Лоиқ Урунзодаро Додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир кардааст.
Як нусхаи он рӯзи 23-юми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Дар қарор сухан аз эҳтимоли дахолати Лоиқ Урунзода ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёна аз ҳудуди як мактаби ронандагии шаҳри Хуҷанд меравад.
“Бо истифода аз ваколати мансабӣ... мактуб омода карда, ба таври сохткорӣ дар он имзои раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро гузоштааст,” – гуфта шудааст дар як бахши қарор.
Мавқеи расмии ҳукумати Хуҷанд то ҳол ба қазия маълум нест.
Чанд манбаъ дар Додситонии вилояти Суғд ба сабаби халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқ маълумот надоданд.
Дар қарор гуфта шудааст, ки ҳодиса дар моҳи ноябри соли 2023 рух додааст, вале пайвандонаш мегӯянд, Лоиқ Урунзода дар он шабу рӯз дар сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ буд. Онҳо бо пешниҳоди чанд далел ба бегуноҳии ӯ исрор меварзанд ва таҳқиқи одилонаи қазияро талаб доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошти як мансабдори баландпоя дар Суғд