NYT: Амрико аз интиқоли мушакҳои Кореяи Шимолӣ ба Русия нигарон аст

Як намунаи мушаки харобшудаи Кореяи Шимолӣ дар Украина

Пентагон ва НАТО аз дурнамои интиқоли мушакҳои Кореяи Шимолӣ ба Русия, ки метавонанд барои низомҳои дифои ҳавоии Украина мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунанд, нигаронанд.

Дар ин бора нашрияи "New York Times" бо истинод ба манбаъҳои худ дар Пентагон ва НАТО хабар додааст.

Ҳамсӯҳбатони "New York Times" гуфтаанд, мушакҳои Кореяи Шимолӣ, ки ба гуфтаи коршиносони низомии ғарбӣ, аз ҷиҳати сифат аз мушакҳои идорашавандаи русӣ кам нестанд, эҳтимол ба артиши Русия дар рахна кардани низоми дифои ҳавоии Украина мусоидат кунанд. Низоми ҳавоии Украина, ки қисми бештари он истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ аст, то ҳол дар ҳимояти ҳадафҳои стратегӣ хеле муассир мебошад.

Ба навиштаи "New York Times", Ғарб гумон аст, ки ба хотири пешгирӣ аз интиқоли мушакҳо ба Пхенян фишор оварда тавонад. Аз сӯи дигар, Русия ваъда медиҳад, ки бар ивази аслиҳа ба Кореяи Шимолӣ ҳавопаймоҳои низомӣ ва фанновариҳои мушакӣ медиҳад. Мақомоти амрикоӣ тахмин мекунанд, ки ин ваъдаҳо ҳанӯз иҷро нашудаанд.