Русия дар ҳамлаи пурқурбонӣ ба Донетск Украинаро айбдор кард

Акс аз як ҳамлаи рӯзи 1-уми январ ба Донетск аст.

Дар ҳамлае ба шаҳри Донетски Украина, ки зери назорати Русия қарор дорад, беш аз 10 нафар кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Алексей Кулемзин, раиси шаҳри Донетск, ки аз ҷониби Русия таъин шудааст, рӯзи 21-уми январ гуфт, ки теъдоди кушташудаҳоро 18 нафар ҳисоб кардаанд.

Кулемзин ин ҳамларо кори низомиёни Украина донист. Артиши Украина ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст.

Русия шаби гузашта 95 бор ба ҳудуди вилояти Запорожеи Украина ҳамла кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо чанд бино хароб шуда, як нафар захмӣ шудааст.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла намуда, қисме аз хоки ин кишварро ишғол кард.