Як ҳавопаймои ширкати русӣ дар марз бо Тоҷикистон ба замин афтодааст

Як баландкӯҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Як ҳавопаймое, ки аз Тайланд ба Русия парвоз мекард, дар Бадахшони Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон ба замин афтодааст.

Сокинони Бадахшони Афғонистон садои таркишро шунида, ба мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҳавопаймои “Falcon 10” аз ширкати "Атлетик Групп" буда, дар дохилаш шаш нафар, чор сарнишин ва ду мусофир дошт.

Ба гуфтаи мақомоти рус, ҳавопаймо бо ҳадафи ёрии таъҷилӣ парвози чартерӣ анҷом медод.

Забеҳуллоҳ Амирӣ, намояндаи Толибон дар Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ба маҳалли ҳодиса як гурӯҳ фиристодаанд.

Ҳанӯз ҳавопайморо пайдо накардаанд ва сарнавишти мусофиронаш маълум нест.

Тахмин зада мешавад, ки ҳавопаймо дар баландкӯҳҳои марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афтодааст.

Хадамоти ҳавонавардии Русия аз мақомоти Афғонистон ва Тоҷикистон кумак хостааст.