Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 21-уми январ ба Қатар сафар кард.

Қатар, як кишвари сарватманди арабӣ ва дар олами ислом аз нигоҳи сиёсӣ таъсиргузор аст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки ин сафар давлатӣ буда, дар ҷараёни он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Матбуоти Қатар хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фардо, 22-юми январ бо Шайх Тамим, амири давлати Қатар мулоқот хоҳад кард.

Ҳоло маълум нест, ки ду ҷониб дақиқан дар кадом масъала суҳбат мекунанд.