Дар Русия зидди раиси ҷамъияти узбекон парванда боз карданд

Усмон Баротов.

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин дастур додааст, ки зидди раҳбари ҷамъияти минтақавии узбекони "Ватандош" Усмон Баротов бо гумони "таҳқири ширкаткунандагони амалиёти махсуси низомӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ба иттилои кумита, Баротов гӯё дар шабакаҳои иҷтимоӣ "навиштаи таҳқиромез"-еро нашр кардааст ва рӯзноманигорони низомии Русия аз Бастрикин хостаанд, ки ба он таваҷҷуҳ кунад.

Кумитаи тафтишотии Русия дақиқ нагуфтааст, ки сухан дар бораи кадом навишта меравад.

Канали "Многонационал" дар паёмакрасони Телеграм як рӯз пеш дар бораи навиштаи Баротов дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" хабар дода буд. Дар он сухан аз камчинии тухм дар Русия меравад ва ҳамроҳаш тасвире бо навиштаи "Хурӯсҳоро аз ҷанг баргардонед" нашр шудааст.

Дертар муаллифи канали "Readovka" навишт, ки Баротов шаҳрванди Русия аст ва мардуми русро ба ҷои эҳтиром дар шабакаҳои иҷтимоӣ "таҳқир" мекунад.