Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими мизбон дар Қатар сар шуд

Шоми имрӯз бозии дуюми тими миллии Тоҷикистон бо тими мизбон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, дар Қатар оғоз шуд.

Дирӯз сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт гуфт, дар бозӣ муқобили дастаи мизбон тоҷикистониҳо барои ба даст овардани се ё як имтиёз талош мекунанд.

Ӯ пешбинӣ кард, ки бозӣ душвор мешавад, чун мунтахаби Қатар пурқувват аст. Зимнан сармураббии тими миллии Қатар Тинтин Маркез ҳам гуфтааст, ки "тими Тоҷикистон рақиби бисёр қавӣ аст".

Бозии Тоҷикистону Чин, ки мусовӣ анҷом шуд, нишон дод, ки дар тими Тоҷикистон бозигароне ҳастанд, ки "бисёр босуръат ва зуд ҳаракат мекунанд", гуфтааст ӯ.