Ҷияни Бердимуҳаммадов корманди як тарабхонаро латтукӯб кардааст

Яке аз тарабхонаҳои Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Шомурод Раҷабов, хоҳарзодаи президенти пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов корманд ва як муштарии тарабхонаеро дар шаҳри Ишқобод латтукӯб кардааст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки ҳодиса 6 январи имсол дар тарабхонаи фурӯшгоҳи "Гюль Земин" рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баъди соати 9-и шаб дар тарабхона додуфиғон шунида шуд ва ҳама муштариён ба берун гурехтанд.

"Раҷабов ба назди корманди тарабхона рафта, гуфт, чаро ҳама берун нарафтанд ва ба рӯяш як мушт зад. Тааҷҷубовар ин буд, ки корманди тарабхона низ посухи ҳамсон дод. Муҳофизони хоҳарзодаи президент корманди тарабхонаро қапидан ва Раҷабов ӯро латтукӯб кард. Аммо дертар муҳофизон ба корманди латтукӯбшуда $200 доданд", - гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.

Раҷабов яке аз ду писари хоҳарбузурги президенти пешини Туркманистон Дурдонабот Раҷабова аст. Ба иттилои рӯзноманигорони таҳқиқотгар, ӯ ва бародари калонияш Ҳоҷимурод саноати кимиёи Туркманистонро идора карда, тавассути ширкатҳои дар хориҷ сабтиномшуда нуриҳои минералии истеҳсолшуда дар корхонаҳои давлатиро ба берун аз Туркманистон содир мекунанд.