Кормандони "West Oil" гуфтанд, таҳти фишор қарор доранд

Садҳо корманди ширкати нафткаши "West Oil Software" дар вилояти Манғистауи Қазоқистон, ки беш аз як моҳ мешавад, коршиканӣ мекунанд, аз раисҷумҳури он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, то фишорҳо ба кормандони норозӣ қатъ карда шавад.

Онҳо 13 январ дар муроҷиатномаи худ ба унвони Тоқаев гуфтанд, 7 ширкаткунандаи коршиканиро, ки ахиран аз кор ихроҷ шуда буданд, ба пулис даъват кардаанд.

Ба гуфтаи муаллифон, кормандони ихроҷшударо дар доираи парвандаи ҷиноие, ки дар робита ба коршиканӣ боз шудааст, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ кардаанд.

"Садои беш аз 500 шаҳрвандро намешунаванд, танҳо фишор меоранд. Магар ин имтиҳони як давлати дунявии демократӣ нест? Мо талаб мекунем, ки ҳуқуқи ширкаткунандагони иқдоми эътирозии коршиканӣ поймол нашавад", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Пулиси Актау то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Эътирозгарон аз 11 декабри соли гузашта талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.

Ширкати "West Oil Software" 18 декабр гуфт, бо ширкати "ОТК" то соли 2027 шартномаи дарозмуддат имзо кардааст ва маҷбур мебошад, ки уҳдадориҳои худро "бо кормандони норозӣ ва ё бидуни онҳо" ба таври комил иҷро кунад.

Коршикании кормандонашро ширкат "ғайриқонунӣ" номида гуфт, ин иқдом хатари рух додани садама дар чоҳҳои нафтро ба миён овардааст.