Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба мусофирони роҳии самти шимоли кишвар ҳушдор медиҳанд, ки аз 12 то 16 январ дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ дар хатти роҳи Душанбе – Айнӣ – Шаҳристон – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ (воқеъ дар сарҳади Узбекистон) ҷойгир шудааст.
Кумита аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки аз сафарҳои бидуни зарурат даст кашанд ваё сафари худро дар ин самт маҳдуд кунанд.
Аз ронандагон, бахусус мошинҳои боркаш даъват шудааст, ки пеш аз баромадан ба роҳ аз вазъи ҳаво бохабар шуда инчунин меъёрҳои бехатарӣ дар роҳ, мисли гирифтани “абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷир, банд, фонус ва ғайраро таъмин кунанд”.
Ягона масир аз пойтахт ба шимоли Тоҷикистон, ки аз роҳҳои кӯҳӣ убур мекунад, маъмулан дар паи бориши зиёди барф муваққатан баста мешавад. Бори охир рӯзи 27-уми декабр мақомот онро барои чанд соат дар пайи боридани барф ва фаромадани тарма баста буданд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS мебошад ва ширкат барои нигоҳбини роҳ аз ронандагон маблағ мегирад. Номи соҳиби ширкати IRS ошкор карда намешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд