Эътирози кормандони ширкати нафткашӣ дар Қазоқистон

Кормандони ширкати пармакунии "Великая стена" дар шаҳри Актауи Қазоқистон ба унвонии президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев муроҷиатномаи видеоӣ нашр карданд.

Онҳо эътирози худро ба ихтисори эҳтимолии кормандон дар ширкат баён карда, хостаанд, фаъолияти он пурра санҷида шавад.

Муроҷиатнома дар канали "База" дар паёмакрасони Телеграм нашр шудааст.

"Ширкат кормандони худро бо кор таъмин накарда, аз берун корманд кироя мекунад. Дар ҳоли ҳозир ихтисори кормандон ба далели набудани кор баррасӣ мешавад", - гуфтааст яке аз муроҷиаткунандагон.

Раҳбарияти ширкат ва намояндагони иттифоқи касабаи он 8-уми январ дар бинои шаҳрдории Актау мулоқот карданд, вале ҷонибҳо натавонистанд дар робита ба афзоиши маош ба созише расанд.