Вафо Назаров, раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон дар 84-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дода, аммо сабаби марги рассомии халқии Тоҷикистонро нагуфтааст.
Маросими видоъ бо Вафо Назаров 12-уми январ дар шаҳри Душанбе мегузарад.
Вафо Назаров соли 1940 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шуда, солҳо дар Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Марҳум саррасоми ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб буд.
СУҲБАТИ ВАФО НАЗАРОВ АЗ БОЙГОНИИ РАДИОИ ОЗОДӢ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вафо Назаров: ҷоиза тақдими ятимон мешавад