Амрико ва Бритониё ба ҳусиҳои Яман ҳамла карданд

Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва Британия шаби 11 ба 12-уми январ ба мавзеъҳои гуруҳи шӯришии ҳусӣ дар Яман ҳамла кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин аввалин зарбаҳои неруҳои амрикоӣ ба мавзеъҳои ҳусиҳо баъди соли 2016 аст.

Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва Британия шаби 11 ба 12-уми январ ба мавзеъҳои гуруҳи шӯришии ҳусӣ дар Яман ҳамла кардаанд. Хабаргузории “Ройтерс” навиштааст, ба эҳтимоли зиёд ин аввалин зарбаҳои неруҳои амрикоӣ ба мавзеъҳои ҳусиҳо баъди соли 2016 аст.

Ба гузориши BBC, неруҳои ҳавоӣ ва баҳрии Амрико ва Бритониё шаби ҷумъа ҳамла ба неруҳои ҳусиҳоро шуруъ карданд, ки аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят мешаванд. Ҷангҷӯёни ин гуруҳ дар ду моҳи ахир борҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх ҳамла карданд.

Ба навиштаи расонаҳои Ховари Миёна, неруҳои амрикоӣ ва Бритониё ба чанд мавқеи ҳусиҳо дар шаҳри Ҳудайда ва фурудгоҳи Санъо зарба задаанд.

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида дар муроҷиати махсус гуфт, ин амалиёти ҳарбӣ посух ба ҳамлаҳои “бесобиқа”-и ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх аст.