Ҷангҷӯён дар Сомалӣ чархболи СММ-ро гаравгон гирифтанд

Гуруҳи мусаллаҳи "Ал-Шабоб" дар Сомалӣ чархболи СММ-ро гаравгон гирифтааст. Бино ба хабарҳои мухталиф, чархбол 8 ё 10 сарнишин доштааст.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки чархбол ба сӯи пойтахти Сомалӣ шаҳри Магадишо парвоз дошт. Дар фаъолияти чархбол нуқсе пайдо шуд ва он дар минтақае фуруд омад, ки таҳти назорати "Ал-Шабоб" аст. Ин гуруҳ бо истифода аз фурсат чархболро гаравгон гирифт.

Дар ҳукумати Сомалӣ гуфтанд, дар дохили чархбол ду шаҳрванди Сомалӣ ва чанд хориҷӣ қарор доштанд. Чархбол мебоист, ба яке аз минтақаҳое дору мебурд, ки онҷо низои мусаллаҳона идома дорад.

"Ал-Шабоб" гуруҳи тундраве аст, ки зидди ҳукумати Сомалӣ меҷангад. Ин гуруҳ қисме аз ҳудудҳои Сомалиро таҳти назорат дорад.