Маъмурони наҷоти вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба беш аз 40 мусофире кумак кардаанд, ки автобусашон дар роҳ вайрон шуда буд.
Ин мусофирбар, ки дар масири "Чимкент – Тоболск" дар шоҳроҳи "Алмато – Екатеринбург" ҳаракат мекард, 9-уми январ дучори нуқси фаннӣ ё теъникӣ шудааст.
Кормандони наҷоти Қарағанда 41 мусофири автобус - 14 шаҳрванди Узбекистон ва 27 қазоқистониро ба ҷои амн интиқол доданд.
Аз мусофирон касе осеб надидааст ва ба ёрии тиббӣ низ ниёзе пеш наомадааст.