Президенти Эквадор Даниэл Нобоа гуфт, дар кишвараш задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Дар хиёбонҳои пойтахти Эквадор, шаҳри Кито тонкҳо дида мешаванд.
Нобоа дар фармони худ 21 гуруҳро террористӣ эълон карда, ба низомиён дастур додааст, ки онҳоро нобуд кунанд. Порлумони Эквадор ба низомиён ва маъмурони пулис ваъда дод, ки дар сурати берун рафтан аз салоҳиятҳои худ афв хоҳанд шуд.
Расонаҳо бо истинод ба пулиси Эквадор хабар додаанд, ки шумори кушташудаҳо дар натиҷаи бетартибиҳо ба 10 нафар расидааст.
Ба иттилои "Primicias", пулис дастикам 18 иштирокчии бетартибиҳоро дастгир кардааст.
Шахсони ношиноси ниқобпӯш 9-уми январ ба идораи телевизиони маҳаллии "TC Televisión" шаҳри Гуаякил ворид шуда, бо таҳдиди доштани бомба чанд рӯзноманигорро гаравгон гирифтанд.