Эммануэл Макрон - президенти Фаронса Габриэл Аттали 34-соларо сарвазири он кишвар таъйин кард. Аттал аз моҳи июли соли 2023 вазири маорифи Фаронса буд.
Аттал дар таърихи ҷумҳурии Фаронса ҷавонтарин сарвазир ба ҳисоб меравад. Вай дар ин мақом сарвазир Элизабет Борнро иваз кард, ки як рӯз пеш истеъфо дода буд.
Макрон гуфт, дар амалисозии тарҳи "мусаллаҳшавии нав" Аттал кумак мерасонад. Макрон дар шаби Соли нав гуфт, Фаронса дубора мусаллаҳ хоҳад шуд. Таҳлилгарони фаронсавӣ мегӯянд, манзури Макрон аз ин истилоҳ тақвияти иқтисод, саноат ва технолоҷӣ ва хадамоти давлатӣ аст.