Эммануэл Макрон, президенти Фаронса истеъфои сарвазир Элизабет Борнро қабул кард. То таъйини ҳайати нави вазирон Борн муваққатан вазифаҳои сарвазирро пеш мебарад.
Элизабет Борн моҳи майи соли 2022 ба курсии сарвазирӣ нишаста буд. То он замон вай дар курсиҳои гуногуни вазирӣ кор карда буд. Борн дувумин занест, ки дар таърихи Ҷумҳурии Фаронса ба мақоми сарвазирӣ расидааст.
"Кори шумо дар хидмати халқ ҳар рӯзаш намунавӣ буд", - бо чунин ҷумла Макрон ба Борн муроҷиат кардааст.
Макрон ҳанӯз нагуфтааст, ки киро сарвазири нав дидан мехоҳад. Сиёсатшиносон мегӯянд, вазири маорифи Фаронса Габриэл Атталя ва вазири дифоъ Себастен Лекорно метавонанд, сарвазир шаванд.