Дар шаҳри Алматои Қазоқистон гуруҳе аз одамон ҷамъ шуда, аз қурбониёни ҳодисаҳои январии соли 2022 ёдоварӣ карданд. Онҳо дар назди ёдгории "Тағзим" ҷамъ шуданд, ки дар наздикии бинои ҳукумати шаҳр ҷойгир аст.
Миёни онҳое, ки дар наздикии ёдгорӣ ҷамъ шуданд, наздикони кушташудаҳои ҳодисаҳои январӣ ва фаъолони иҷтимоӣ ҳастанд.
Фаъолон ва наздикони кушташудаҳо номи бештар аз 200 қурбонии ҳодисаҳои январиро дар овезаҳо навишта ва бо худ ба ёдгории "Тағзим" овардаанд.
Ёдгории "Тағзим" дар моҳи декабри соли 2022 бо ҳузури президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев боз шуд, вале дар он номе аз қурбониён оварда нашудааст.
Ҷамъшудаҳо имрӯз ҳамчунин акси пайвандони кушташудаи худро дар даст доштанд.
Чунин маросим дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон, аз ҷумла дар Чимкент, Уст-Каменагорск ва ғайра доир шуд.