Тағйироти нав ба қонун дар бораи президент ба роҳбарони Беларус ва аъзои оилаи ҳақ медиҳад, ки то охири умр дахлнопазирӣ, муҳофизони давлатӣ ва ҳаққи истифодаи моликияти давлатиро дошта бошанд.
Ин қонун ҳамчунин президентҳои Беларус ва хонаводаҳои онҳоро аз тамоми ҷазо озод мекунад.
Қонун ҳамчунин тамоми тафтишотро нисбат ба роҳбарони собиқи Беларус ва зиндонӣ кардани онҳо манъ кардааст.
Тибқи ин санад, амвол, дороӣ ва мукотибаи президенти собиқи Беларус низ дахлнопазир мемонад.
Иловаҳои нав ба қонун ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки президенти Беларус баъди поёни кораш вакили Анҷумани умумихалқии Беларус ва узви якумраи Шӯрои ҷумҳурият хоҳад буд.
Александр Лукашенко аз соли 1994 раҳбари Беларус аст ва пайваста барои саркӯби дигарандешон дар кишвараш танқид мешавад.