Фармони нави Путин. Тақдими осони шаҳрвандӣ ё сарбозгирӣ?

Шиносномаи Русия

Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки бар асоси он хориҷиён баъди бастани шартнома бо Вазорати мудофиа ё иштирок дар ҷанги зидди Украина, соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд.  

Бар асоси ин фармон, ба ғайр аз нафаре, ки сарбозии артиши Русияро қабул кардааст, ҳамсар, фарзандон ва волидайнаш ҳам метавонанд шиносномаи русӣ бигиранд.

Як шарти гирифтани шаҳрвандии Русия ин будааст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд ба муҳлати на кам аз як сол бо Вазорати дифоъ шартнома бандад.

Моҳи май соли 2023 Путин дастур дода буд, ки гирифтани шаҳрвандии Русия барои онҳое осон шавад, ки дар ҷанг зидди Украина ширкат мекунанд.

Баъди таҷовуз ба хоки Украина, ба гуфтаи коршиносон артиши Русия талафоти зиёд дода, муҳтоҷи сарбозони нав шудааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони худро борҳо ҳушдор доданд, ки иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар ҷанги Русия зидди Украина ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Ҳамзамон расонаҳо аз ҷалби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия ба ҷанги зидди Украина хабар медиҳанд.