Муҳлати президентии Тоқаев ноябри соли 2029 ба поён мерасад — сухангӯ

Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон

Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон гуфт, бино ба қонунҳои амалкунанда муҳлати президентии Қосимҷомарт Тоқаев соли 2029 ба поён мерасад.

Шарҳи Уалӣ дар ҳоле садо дод, ки 3 январи соли ҷорӣ бархе расонаҳои байналхалқӣ навиштанд, муҳлати президентии Қосимҷомарт Тоқаев соли 2026 ба поён мерасад.

"Эҳтимол миёни бархе рӯзноманигорон, ки бо воқеиятҳои мо ошно нестанд, вазъро дуруст дарк накардаанд. Дар воқеъ дар мусоҳиба бо нашрияи Egemen Qazaqstan роҳбари давлат хабарҳо дар бораи омодагӣ ба раъйпурсии соли 2026 барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсия ва иштирок дар интихоботи навбатиро рад кардааст. Тавре медонед, президент моҳи ноябри соли 2022 ба муҳлати 7 сол интихоб шудааст. Бино ба муқаррароти Конститутсия, муҳлати президентии вай моҳи ноябри соли 2029 ба поён мерасад", - гуфт Берик Уалӣ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар мусоҳиба бо нашрияи Egemen Qazaqstan, ки субҳи 3 январ нашр шуд, гуфт, муқаррароти Конститутсияи ин кишвар дар бораи як давраи ҳафтсолаи президентӣ тағйир дода намешавад.

Вай хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯиё мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, барои тағйири Констиутсияи ин кишвар раъйпурсии нав баргузор ва барои президенти кунунӣ имкони дубораи иштирок дар интихоботро фароҳам кунанд, беасос номид.