Вай хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯиё мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, барои тағйири Конститутсияи ин кишвар раъйпурсии нав баргузор ва барои президенти кунунӣ имкони дубораи иштирок дар интихоботро фароҳам кунанд, беасос номид.
"Ин хабар дуруғ аст. Мутмаинам, ки ворид кардани тағйироти худсарона ба Конститутсия, бахусус дар ин масъалаи асосӣ аллакай номумкин аст. Ислоҳоти конститутсионӣ ба хотири ворид кардани тағйироти худсарона ба Қонуни асосӣ сурат нагирифта буд", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Egemen Qazaqstan".
Ба гуфтаи Тоқаев, муқаррароти Конститутсияи Қазоқистон дар бораи як давраи ҳафтсолаи президентӣ ба монанди меъёри мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва шакли идории давлатии он кишвар тағйирнопазир аст.
Тибқи натиҷаҳои расмӣ, Тоқаев дар интихоботи ахири пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки моҳи ноябри соли 2022 баргузор шуд, 81,3 дарсади овозҳоро касб карда буд.