Жанел Шахан, яке аз фаъолони ҳаракати Oyan, Qazaqstan-ро ба идораи пулис даъват кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Жанел Шахан ҳанӯз рӯзи 25 декабр ба идораи пулис даъват шуда буд, аммо ба сабаби беморӣ натавонист, ҳозир шавад. Рӯзи 25 декабр ҳамсафони дигари Шахан - Равкат Мухторов ва Бота Шарифҷон ба идораи пулис даъват ва дертар 15-рӯзӣ ҳабс шуданд. Мақомоти Қазоқистон онҳоро барои иштирок дар иқдоми бахшида ба ёдоварӣ аз 16 декабр ҳабс кардаанд.
16 декабр фаъолони мазкур дар назди ёдгории Истиқлол хотираи қурбониёни ҳодисаҳои декабрии соли 1986-ро гиромӣ доштанд.