Норвегия фурӯхтани аслиҳаро ба Украина иҷозат дод

Барнома (сиёсат)-и ҳукумати Норвегия барои фурӯши мустақими силоҳ ва маҳсулоти дифоӣ ба Украина аз 1-уми январ ба иҷро даромад.

Ин ба маъноест, ки ширкатҳо метавонанд барои гирифтани иҷозатнома дар мавриди содирот ва фурӯши мустақими чунин маҳсулот ба Украина ба Вазорати корҳои хориҷии Норвегия муроҷиат кунанд.

Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, Эспен Барт Эйде, вазири корҳои хориҷии Норвегия, дар баёнияе гуфт, ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия ба вуҷуди Украина ҳамчун як давлат ва миллат таҳдид мекунад.

Вай афзудааст, идомаи пуштибонӣ аз Украина барои амнияти Норвегия ва дар умум Аврупо муҳим аст.