Артиши Украина рӯзи 1-уми январ гуфт, ки Русия шаби гузашта ба ин кишвар бо 90 ҳавопаймои бесарнишини сохти Эрон ҳамла кард.
Нерӯҳои ҳавоии Украина дар паёме дар Телеграм ин шумораро "рекордӣ" дониста, гуфтанд, 87 ҳавопаймои бесарнишини "Шаҳид"-ро аз байн бурданд.
Олеҳ Кипер, раиси маъмурияти Одесса, гуфт, дар ҳамла ба шаҳри бандарӣ як сокини осоишта кушта, 9 нафар захмӣ шуд.
Дар Лвов як осорхона ва дар Днепр як корхона сӯхта, хати интиқоли нерӯи барқ осеб дидааст.
Рӯзҳои охир нерӯҳои Русия ҳамларо ба Украина бештар кардаанд. Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаҳои шаби 28 ба 29-уми декабр 39 нафар кушта ва зиёда аз 160 кас захмӣ шуд.
Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҳамвора Русияро барои ҳадаф қарор додани мардум ва зербунёдҳои ғайринизомӣ муттаҳам мекунанд.