Ҷанг дар Ғазза баъд аз як изҳороти нахуствазири Исроил шиддат гирифтааст. Бенямин Нетаняҳу рӯзи шанбе гуфт, ки “ҷанг чанд моҳ идома хоҳад кард”.
Ҳамзамон бо ин даъватҳои байнулмилалӣ ба оташбас афзудааст.
Артиши Исроил мегӯяд, нерӯҳояш амалиёти худро дар Хон Юнус, дувумин шаҳри бузурги Ғазза, идома медиҳанд. Сокинон аз ҳамлаҳои нерӯҳои исроилӣ дар манотиқи марказии Ғазза хабар доданд.
Ҷанг дар Навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил рӯзи 7-уми октябр 1200 нафарро кушта ва 240 нафарро гаравгон гирифт.
Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 21 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд