Мақомоти Олмон гуфтанд, ки се нафари дигарро дар пайванд ба нақшаи эҳтимолии ҳамла ба калисои Кёлн дар остонаи Соли нав дастгир карданд.
Боздошти ин афрод ҳангоми амалиёте рӯзи 31-уми декабри 2023 сурат гирифтааст.
Ҳувияти боздоштшудаҳо маълум нест. Намояндагони пулиси Олмон гуфтанд, ҷойи зисти гумонзадҳоро тафтиш мекунанд.
"Ҳамла бояд бо мошин сурат мегирифт," – гуфт пулиси Кёлн, вале тафсилот надод.
Ба навиштаи хабаргузории dpa-и Олмон, се боздоштшуда ва як зодаи Тоҷикистон, ки ҳафтае қабл дастгир шуда буд, узви шабакаи террористӣ ҳастанд.