Вазорати корҳои хориҷии Амрико фуруши силоҳ ба Исроилро бе ризоияти вакилони Сенат "ҳолати фавқулода" номидааст.
Дар чунин ҳолат мақомоти Амрико ҳақ доранд, ки ризоияти Сенатро нагиранд.
Дар хабарнома гуфта шудааст, ки Амрико таъҷилан ба Исроил ба маблағи 147,5 миллион доллар силоҳ фурухт.
Исроил ҳоло дар Ғазза зидди гурӯҳи ҲАМОС меҷангад, ки дар Амрико ва Аврупо созмони террористӣ дониста шудааст.
Амрико аз Исроил пуштибонӣ мекунад.
Рӯзи 7-уми октябри имсол ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил бо ҳадафи нобудии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард. Созмонҳои байналмилалӣ Исроилро барои куштани занону кӯдакон дар Ғазза танқид мекунанд. То кунун беш аз 21 ҳазор сокини одӣ дар Ғазза кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.