Изҳорот рӯзи 30-юми декабр нашр шуд. Муаллифон Исроилро ба "ҳамлаи бераҳмона" ба минтақа муттаҳам карданд.
Дар эъломияи International Press Institute гуфта шудааст, ки мардуми осоишта, аз ҷумла рӯзноманигорон, дар Ғазза бо бӯҳрони башарӣ ба мисли камбуди обу хӯрок, дору ва гоҳе иртиботот дучор ҳастанд.
Созмон аз Исроил хостааст, "қоидаҳои ҷангро риоя кунад".
Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри имсол ба Исроил ҳуҷум карда, 1200 касро кушт ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифт. Аз он замон задухӯрди Исроил бо ҷангҷӯён дар Навори Ғазза идома дорад.
Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 21 ҳазор фаластинӣ кушта шуд. Ин идора зери назорати гурӯҳи “Ҳамос” аст.
*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд