Вакилони мудофеи боздоштшудаҳо аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро аз ҳабси пешакӣ озод кунад. Аммо додгоҳ ин талабро рад кард ва ба ин тартиб, фаъолону сиёсатмадорон то 29 январи соли 2024 дар боздошт мемонанд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ наздикони айбдоршавандаҳои "Парвандаи Кампиробод" бо талаби доир кардани муҳокимаи боз пушти дари додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд.
Айбдоршавандаҳо низ он замон талаб карда буданд, ки барои исботи гуноҳи онҳо муҳокимаи боз доир карда шавад.
Пештар аз он вакилони дифои чаҳор сиёсатмадори Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков, Азимбек Бекназаров, Жениш Молдокматов ва Кубаничбек Қодиров, ки дар доираи "парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда буданд.
Онҳо дар номаи худ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва Маркази миллии пешгирии шиканҷа аз шароити нигаҳдории худ дар боздоштгоҳи муваққатӣ шикоят кардаанд.
Қаблан низ гумонбарони дигари парвандаи мазкур аз шароити боздоштгоҳ шикоят карда буданд. Вале масъулони Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон иддаоро рад карда, гуфтанд, "дар боздоштгоҳ ҳамаи қонунҳо риоя мешавад".
Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.