Вазорати нақлиёти Узбекистон иттилоъ дод, ки дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла иҷрои тарҳи роҳи оҳани “Узбекистон – Афғонистон - Покистон”-ро баррасӣ кардаанд. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ба иҷрои тарҳ бояд суръат бахшида шавад.
Сохтмони роҳи оҳани "Фароафғонӣ" қарор буд, моҳи сентябри соли 2021 оғоз шавад. Ба далели ба сари қудрат омадани гуруҳи “Толибон” дар моҳи августи он сол ба таъхир уфтод.
Арзиши тахминии бунёди роҳи оҳани "Мазори Шариф – Кобул – Пешовар" 5 миллиард доллар гуфта мешуд. Аммо котиби роҳи оҳани Покистон Зафар Ранҷа дар моҳи декабри соли 2022 гуфт, арзиши нави тахминии лоиҳа 8,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Роҳи оҳани "Фароафғонӣ" тахминан 600 километр дарозӣ дорад ва роҳи Узбекистону кишварҳои минтақаро ба бандарҳои Покистон боз мекунад.