"Ман хато кардам. Дар воқеъ, фикр мекардам, ки ба зодрӯзи Настя Ивлеева меравам. Ба ман ҳамин хел гуфтанд", - гуфт Марям Тиллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ӯ навишт, "чорабинӣ ҷолиб буд", аммо дар онҷо зиёд наистод.
Шаби 20 ба 21-уми декабр дар клуби Mutabor дар Маскав блогер Настя Илеева шабнишиние бо пӯшиши ҳатмии қариб урён ташкил кард.
Миёни меҳмонон Ксения Собчак, Филип Киркоров, Дима Билан, Лолита Милявская, Алена Водонаева, Джиган ва дигар намояндагони маъруфи саҳнаву мусиқии Русия иштирок доштанд.
Бисёре аз даъватшудаҳо нимбараҳна ва ё бо пироҳани шаффоф ба шабнишинӣ омаданд. Навори ин шабнишинӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва аз сӯи корбарон маҳкум шуд.
Нисбат ба ташкилкунандаи шабнишинӣ Настя Илеева ба додгоҳе дар Маскав шикояти дастҷамъӣ ворид шудааст. Норозиён гуфтаанд, шабнишинӣ ба онҳо зиёни ахлоқӣ расонд ва талаб кардаанд, ки аз Ивлеева як миллиард рубл ҷуброн ситонида шавад.