Фармондеҳии марказии артиши Амрико гуфт, нерӯҳои ин кишвар рӯзи 26-уми декабр зиёда аз 12 ҳавопаймои бесарнишин ва чанд мушаки шӯришиёни ҳусии Яманро дар болои Баҳри Сурх нобуд карданд.
Дар хабарномае дар шабакаи иҷтимоии “X” (Твиттери собиқ) гуфтаанд, ки ба киштиҳои мавҷуд дар минтақа осеб нарасида, касе ҳам маҷрӯҳ нашуд.
Бар асоси ҳамин хабарнома, ҳусиҳои Яман дар тӯли даҳ соат дувоздаҳ ҳавопаймои бесарнишин, се мушаки зидди киштӣ ва ду мушаки дигар партофтаанд.
Шӯришиёни ҳусӣ аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд.
Онҳо пештар масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба як киштӣ дар Баҳри Сурх ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Исроил ба уҳда гирифта, нишони ҳамбастагӣ бо Ғазза маънидод карда буданд.