Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки як киштии ҷангии Русияро дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим аз кор бароварданд.
Ҳодиса бомдоди 26-уми декабр иттифоқ уфтодааст.
Артиши Украина дар эъломияе дар Телеграм тасдиқ кард, ки мушакҳои партофтаи онҳо дар бандари Феодосия ба киштии “Новочеркасск” бархӯрданд.
Дар эъломия омадааст, дар саросари шаҳр садои таркишҳо шунида шуда, тирезаи баъзе аз дӯкону биноҳо шикаст.
Вазорати мудофиаи Русия бе додани тафсилот гуфт, ки киштии “Новочеркасск” бар асари мушакҳои украинӣ осеб дид.
Кремл хабар дод, ки вазири дифои Русия Сергей Шойгу президент Владимир Путинро дар бораи ҳамла огоҳ кардааст.