Бенямин Нетаняҳу "ғайринизомӣ" кардани Ғазза ва "коҳиши тундравӣ" дар ҷомеаи фаластиниёнро аз шартҳои дигар ном бурд.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Дар матлабе, ки нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 25-уми декабр нашр кард, Бенямин Нетаняҳу дар бораи сахттар шудани ҷанг ҳушдор додааст.
Даргирӣ миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дувуним моҳ боз идома дорад. Пас аз он ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри имсол 1200 нафарро дар Исроил кушта, ҳудуди 240 нафарро гаравгон гирифтанд.
Мақомоти тандурустии Ғазза мегӯянд, дар ду моҳи охир ва дар пайи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 20 ҳазору 400 фаластинӣ кушта шудаанд.
Мақомоти Исроил то ин дам марги 156 сарбози худро дар ҷанг тасдиқ карданд.
Изҳороти охири Нетаняҳу дар ҳоле садо дод, ки мақомоти Созмони Милал дар бораи кушта шудани баъзе аз оилаҳо дар урдугоҳи паноҳҷӯён дар Ғазза гузориш доданд. Ҳамла шаби 24 ба 25-ми декабри имсол сурат гирифт.
Ҳамзамон бо ин талошҳо ва дархостҳо барои оташбаси дувум миёни Исроил ва “Ҳамос” афзоиш ёфта, вале то ҳол натиҷае ба бор наовардааст.